ТАЪЗИЯ

Slide Image
ТАЪЗИЯ

Роҳбарият ва аҳли кормандони Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» аз даргузашти модари меҳрубони муовини директори муассиса Шамсов Рустам сахт андуҳгин гардида, ба эшон, аҳли хонавода, наздикону пайвандон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқ менамоянд.
Дар ин рӯзҳои вазнини мусибат ба пайвандону наздикони марҳума сабри ҷамил, таҳаммул ва неруи маънавӣ орзумандем.
Аз даргоҳи Худованди мутаол барои марҳума раҳмату мағфират, ҷаннати фирдавс ва барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем.
Рӯҳашон шод, манзили охираташон обод ва хотираи некашон ҷовидон бод.
Бо эҳтиром,
Роҳбарият ва аҳли кормандони Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир».

25.06.2026

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36