ИСТИҚЛОЛИЯТ
Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун яке аз мафҳумҳои бунёдии илми сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, ифодаи олии худмуайянкунии миллат ва заминаи ташаккули давлатдории муосир ба ҳисоб меравад. Он на танҳо ба маънои соҳибихтиёрии сиёсӣ ва идоракунии мустақили ҳудуд шинохта шудааст, балки низоми мураккаби муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангиро фаро гирифта, барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа шароити мусоид фароҳам меорад. Ба ин маъно, истиқлолият падидаи бисёрсамта буда, тавассути ҳамоҳангии унсурҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ дар ҳаёти воқеии давлат таҷассум меёбад ва ба ташаккули низоми устувори давлатдорӣ мусоидат мекунад.
Дар илми муосири ҷомеашиносӣ истиқлолият танҳо ҳамчун ҳолати ҳуқуқии давлат фаҳмида нашуда, он ҳамчун раванди доимии рушди давлатдорӣ ва тақвияти институтҳои сиёсӣ баррасӣ мегардад. Ин раванд бо худ масъулиятҳои бузург меорад, зеро ҳар як давлате, ки истиқлолиятро ба даст меорад, бояд тавонад мустақилияти худро дар амал нишон дода, самаранокии идоракунии дохилӣ ва сиёсати хориҷиро таъмин намояд. Аз ин рӯ, истиқлолият на нуқтаи анҷом, балки оғози марҳилаи нави таърихии рушди давлат ба ҳисоб меравад.
Таҷрибаи таърихии давлатҳои гуногун собит месозад, ки раванди ба даст овардан ва таҳкими истиқлолият ҳамеша бо мушкилоту чолишҳои ҷиддӣ ҳамроҳ мебошад. Ин чолишҳо метавонанд дар шаклҳои гуногун он, аз љумла: буҳронҳои сиёсӣ, ноустувории иқтисодӣ, ихтилофоти иҷтимоӣ, заифии институтҳои давлатӣ ва ҳатто таҳдидҳои беруна зоњир гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар оғози давраи истиқлолият ба чунин марҳилаи ҳассос рӯ ба рӯ гардид, ки дар он хатари парокандагии ҷомеа ва буҳронҳои сиёсӣ хеле ҷиддӣ буд. Дар чунин шароит, масъалаҳои барқарорсозии сулҳ, таъмини суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба масъалаҳои аввалиндараҷа табдил ёфтанд.
Маҳз дар ҳамин замина, сулҳ, субот ва ваҳдат ҳамчун се пояи асосии давлатдорӣ зоҳир гардида, нақши ҳалкунанда дар наҷоти давлат ва таҳкими истиқлолият бозиданд. Тањкими сулҳ дар ҷомеа имконияти баромадан аз низоъ ва нооромиро фароњам оварда, пеш гирифтани роҳи созандагиро таќозо менамояд. Суботи комили сиёсӣ шароит фароҳам овард, ки ниҳодҳои давлатӣ тадриҷан тақвият ёбанд ва сиёсати давлатӣ дар асоси барномаҳои дарозмуддат амалӣ гардад. Ваҳдати миллӣ бошад, ҷомеаро муттаҳид сохта, ҳисси ягонагӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар байни аҳолӣ тақвият мебахшад.
Истиқлолият ба давлат имконият медиҳад, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона пеш барад, захираҳои табиӣ ва иқтисодиро самаранок истифода намояд ва дар самти рушди соҳаҳои гуногун – аз ҷумла маориф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар инфрасохтори давлат қадамҳои устувор гузорад. Дар баробари ин, истиқлолият барои ташаккули худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва ҳифзи мероси таърихӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин омилҳо дар маҷмӯъ ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва устувории давлатдорӣ мусоидат мекунанд.
Дар шароити муосир, рушди давлатдорӣ танҳо бо фаъолияти сохторҳои сиёсӣ маҳдуд намешавад, балки иштироки фаъоли ҷомеа ва муассисаҳои иҷтимоӣ низ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Аз ҷумла, марказҳои таълимӣ, касбомӯзӣ ва филиалҳои онҳо дар раванди рушди иҷтимоӣ ва иќтисодї нақши хеле муҳим доранд. Ин марказҳо тавассути ташкили курсҳои касбомӯзӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳанд, ки малакаҳои навро аз худ намуда, ба бозори меҳнат ворид шаванд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.
Чунин муассисаҳо на танҳо вазифаи омӯзишӣ, балки вазифаи иҷтимоиро низ иҷро мекунанд. Онҳо бо гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, занон ва шахсони бекор корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявиро пеш мебаранд. Дар ин раванд барои онҳо аҳамияти истиқлолият, сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ муњим арзёбї гардида, омилњои номбурда барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат менамоянд.
Илова ба ин, Марказ ва филиалҳои он ҳамчун роњи бевоситаи робитаи мустақим байни давлат ва ҷомеа баромад мекунанд. Онҳо сиёсати иҷтимоии давлатро ба сатҳи аҳолӣ мерасонанд ва дар татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ саҳми худро мегузоранд. Ин раванд нишон медињад, ки рушди устувори ҷомеа танњо дар асоси ҳамкории давлат, ҷомеа ва муассисаҳои иҷтимоӣ имконпазир аст.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки танҳо тавассути ҳамоҳангии сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ метавон ба дастовардҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид. Имрӯз кишвар дар самти рушди инфрасохтор, маориф, энергетика ва дигар соҳаҳо пешравиҳои назаррасро ба даст овардааст, ки ҳамаи онҳо натиҷаи устувории сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошанд.
Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими истиқлолият на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳар як аъзои ҷомеа бояд дарк намояд, ки сулҳ, субот ва ваҳдат арзишҳои осон ба дастомада набуда, натиҷаи заҳмат ва ҳамбастагии тамоми мардум мебошанд.
Дар маҷмӯъ, истиқлолият, сулҳ, субот ва ваҳдат ҳамчун арзишҳои ба ҳам вобаст ва давомдињандаи якдигар баромад мекунанд, ки танҳо дар ҳолати ҳамгироии онҳо рушди устувори ҷомеа таъмин мегардад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, афзоиши таҳдидҳои муосир ва тағйироти босуръати ҷаҳонӣ, аҳаммияти ин арзишҳо боз ҳам бештар мегардад. Ба ин тартиб, онҳо бояд ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва фаъолияти ҷомеа пазируфта шаванд, то ояндаи дурахшон, устуворї ва пешрафтаи миллатро таъмин намоянд.
Шамсов Рустам – муовини директори МД «Маркази
рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир»