ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲАСТИИ МИЛЛАТ.

Slide Image
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲАСТИИ МИЛЛАТ.

ТАЪРИХИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Забони тоҷикӣ аз куҳантарин забонҳои зиндаи ҷаҳон ба шумор рафта, таърихи ғанӣ ва чандҳазорсолаи рушд дорад. Решаҳои он ба забонҳои бостонии эронӣ пайванд дошта, дар тӯли асрҳо ҳамчун забони илму фарҳанг ва адабиёт ташаккул ёфтааст.

Асрҳои IХ-Х давраи шукуфоии забони тоҷикӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин давра бахусус дар аҳди Сомониён, забони тоҷикӣ ҳамчун забони илму адаб, фарҳанг ва идоракунӣ мақоми баланд пайдо намуд. Маҳз дар ҳамин давра осори гаронбаҳои адабӣ офарида шудаанд, ки то имрӯз арзиши худро нигоҳ доштаанд. Асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо эҷодиёти худ барои рушду густариши забони тоҷикӣ саҳми бузург гузоштааст. Осори Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар абармардони илму адаб дар ғанӣ гардонидани ин забон нақши муҳим бозидаанд. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд ва таҳкими мавқеи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, он ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи устувор касб намуд.

АҲАМИЯТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Забони давлатӣ барои ҳар як давлат нақши калидӣ дорад. Он воситаи асосии идоракунии давлатӣ, қонунгузорӣ, маориф, илм, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Забони давлатӣ шаҳрванди кишварро муттаҳид намуда, барои рушди давлатдорӣ мусоидат мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Он забони Конститутсия, қонунҳо, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Эҳтиром ба забони давлатӣ нишонаи эҳтиром ба давлат, миллат ва таърихи хеш аст.

ЗАБОНҲОИ ҶАҲОН ВА МАҚОМИ ДАВЛАТӢ

Тибқи маълумоти пажӯҳишгарон ва созмонҳои байналмилалӣ, имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 7000 забон мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин, танҳо қисми муайяни онҳо мақоми давлатӣ ё расмӣ дошта, дар идоракунии давлатӣ, қонунгузорӣ ва низоми маорифи кишварҳои гуногун истифода мешаванд.

Баъзе давлатҳо танҳо як забони давлатӣ доранд, ба монанди Тоҷикистон, Фаронса, Ҷопон ва Туркия. Дар баробари ин, давлатҳое низ ҳастанд, ки якчанд забони давлатӣ доранд. Масалан, Швейтсария чор забони давлатӣ, Канада ду забони давлатиро истифода мебаранд. Ин гуногунрангии забонӣ аз аҳамияти забон дар ҳаёти давлатҳо ва ҷомеаҳои шаҳодат медиҳад.

ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз ва рушди забони давлатӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Забон муҳимтарин воситаи нигоҳдории фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва худшиносии мардум мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки забони давлатиро эҳтиром намояд, онро дуруст омӯзад ва барои покизагӣ ва рушди он саҳм гузорад.

Тавре, ки Пешвои муназзами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, забони тоҷикӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ ва ҳастии миллат мебошад. Ҳифзу рушди он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст аст.

ХУЛОСА

Забони давлатӣ на танҳо воситаи муошират, балки рамзи истиқлолият, пояи давлатдорӣ, омили ваҳдати миллӣ ва асоси рушди ҷомеа мебошад. Забони тоҷикӣ, ки дорои таърихи куҳан ва мероси ғании адабиву фарҳангӣ мебошад, имрӯз ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ ва рамзи ҳастии тоҷикон хизмат мекунад. Аз рн рӯ, ҳифз, омӯзиш ва рушди забони давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, эҳтиром ба он эҳтиром ба миллат таърих ва ояндаи давлат мебошад.

Гулрухсор Тавакалова 
Мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва қабули
Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир»

24.06.2026

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36