ТАВАҶҶУҲ БА КАСБОМӮЗИИ ЗАНОНУ БОНУВОН 

ТАВАҶҶУҲ БА КАСБОМӮЗИИ ЗАНОНУ БОНУВОН 

  Имрӯзҳо дараҷаи иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳру деҳоти Исфара ба маротиб афзудаст. Ин  албатта натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлати,фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва шуғли доими фаро гирифтани онҳо,такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ мебошад. Маҳс натиҷаи як сиёсати оқилонаи тарҳрезишудаи қадам ба қадам аст,ки имруз мо дар масъалаи ба соҳаҳои гуногун ҷалб намудани занону духтарон ва муассир гардонидани нақши онҳо ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодаем. Албатта, он дастовардҳое,ки мо имруз дорем, ҳануз қаноаткунанда нестанд, зеро ҷомеа пеш рафта истодааст ва тақозои ҷомеа ин аст,ки ҳар фарди худшиносу худогоҳ бояд,ки дар рушди минбаъдаи Ватани азизамон саҳми босазои худро гузорад.

11.12.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36