СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ ХАТМИ КУРСҲОИ КӮТОҲМУДДАТ ВА ШАҲОДАТНОМАСУПОРӢ

Slide Image

Дар Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» маросими хатми курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва супоридани шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таълим ва мониторинги сифати таълим Гулов С., омӯзгорон, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Фонд барои зиндагии беҳтар» ва хатмкунандагони курсҳо иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбӣ, мутобиқ намудани шаҳрвандон ба талаботи бозори меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ нақши муҳим доранд.

Дар анҷоми маросим ба хатмкунандагон шаҳодатномаҳои хатми курсҳои касбомӯзӣ супорида шуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ барору комёбӣ орзу гардид.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, иштирокчиён барои фароҳам овардани имкониятҳои омӯзиш ва рушди малакаҳои касбӣ ба роҳбарияти Марказ ва шарикони рушд изҳори сипос намуданд.

26.06.2026

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36