25- ЯНВАР РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ МУБОРАК!

Slide Image
25- ЯНВАР РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ МУБОРАК!
Slide Image
25- ЯНВАР РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ МУБОРАК!
Slide Image
25- ЯНВАР РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ МУБОРАК!
Slide Image
25- ЯНВАР РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ МУБОРАК!

           РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ 

     25 уми январи соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” чорабинии тантанавӣ доир гардид.

  Дар чорабинӣ  мазкур роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии”Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” иштирок варзиданд.

    Мавриди зикр аст, ки санаи мазкур аз соли 2012 дар тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид ворид шуда, ҳамасола кормандони соҳаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин рӯзро таҷлил менамоянд ва аз дастовардҳову вазифаҳои минбаъда дар фаъолият ёдовар мешаванд. 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа кормандони соҳаи меҳнатро ба иди касбӣ самимона табрику таҳният гуфта, собиқадорон ва кормандони фаъоли системаи вазорат ба мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд, ки Сардори раёсати молия ва нақшабандии Марказ Амонов Баҳодур сазовори медали “Аълочии меҳнат”, мудири шуъбаи мониторинги кӯдак ва шарикии иҷтимои Гулрухсор Тавакалова, мудири бахши таълим Фируз Гурезов, Директори ФМД дар шаҳри “Ваҳдат” Салоҳиддин Хайриддинзода бо “Сипоснома”-и Вазири меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони гардиданд. Ҳамчунин директори ФМД дар ноҳияи “Шоҳмансур” Ҳабибулло Изатуллозода бо “Сипоснома”-и директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қадрдони карда шуданд.

09.02.2024

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36