ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮЙИ ТЕХНОЛОГИЯ: ЧОРАБИНИИ «ОЯНДАРО БО IT МЕЗОЗЕМ» ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ.
Санаи 13-уми марти соли 2026 дар шаҳри Панҷакент бо ҳамкории ташкилоти «Илмхона» дар Маркази шуғли фосилавии назди филиали Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир», чорабинии таҳти унвони «Ояндаро бо IT месозем» баргузор гардид. Ин ҳамоиш натиҷаи курси омӯзишии «Асосҳои кор бо компютер, веб-дизайн ва барномасозӣ» мебошад, ки барои ҷавонони шаҳри Панҷакент ташкил карда шудааст.
Дар рафти чорабинӣ 7 нафар касбомӯзони фаъоле, ки курси барномасозии маркази шуғли фосилавиро бо муваффақият хатм намуданд, лоиҳаҳои инфиродии худро муаррифӣ карданд. Лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳозирин ҳамчун барномаҳои муосир ва муфид арзёбӣ гардиданд.
Дар ҳамоиш сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (РАМША), устодони донишкада ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд. Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён сертификатҳои хатм супорида шуд. Рафти ин чорабинии илмиву технологӣ аз ҷониби шабакаи телевизионии маҳаллии «СИМО» наворбардорӣ гашта, манзури бинандагон хоҳад шуд.
Ин иқдом бори дигар собит намуд, ки ҷавонони Панҷакент дорои иқтидори баланди зеҳнӣ буда, омодаанд дар рушди иқтисоди рақамии кишвар саҳми арзанда гузоранд ва дар ҷомеа мавқеи хос пайдо намоянд.