ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ БОНУВОНИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ВАЗОРАТ ВА СОХТОРҲОИ ОН ДАР А...
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ БОНУВОНИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ВАЗОРАТ ВА СОХТОРҲОИ ОН ДАР АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ" БА ИФТИХОРИ ЭҲЁИ СУННАТҲОИ М...
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ БОНУВОНИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ВАЗОРАТ ВА СОХТОРҲОИ ОН ДАР АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ" БА ИФТИХОРИ ЭҲЁИ СУННАТҲОИ М...
Санаи 13-уми марти соли 2026 дар шаҳри Панҷакент бо ҳамкории ташкилоти «Илмхона» дар Маркази шуғли фосилавии назди филиали Муассисаи давлати...
Санаи 5 марти соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ бо иштиро...
Бале, ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 16 сола боло аст, дар курсҳо иштирок намуда метавонанд.
Барои ройгон таҳсил намудан Шумо бояд:
1. Ба шуъбаи шуғли маҳалли худ муроҷиат намоед. Дар ҳолати ҷавобгӯй будан ба талаботи муайян ба Шумо РОҲХАТ дода мешавад.
2. Бо РОҲХАТ ба яке аз филиалҳои марказ муроҷиат намуда, ба курси бароятон мақбул аз қайд мегузаред.
Дар ҳолати дарёфт карда натавонистани РОҲХАТ Шумо метавонед ба курсҳо бо тариқи ХУДМАБЛАҒГУЗОР аз қайд гузаред. Маблағи таҳсил 185 сомониро ташкил медиҳад.
Агар Шумо касб ё ҳунаре доред, лекин ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоред, пас метавонед ба маркази мо барои ШАҲОДАТНОМАКУНОНИИ малакаи касбии худ муроҷиат намоед ва пас аз тасдиқи малакаи худ соҳиби Шаҳодатнома гардед. Маблағи Шаҳодатномакунонӣ 135 сомониро ташкил медиҳад.
Муҳлати таҳсил аз рӯйи:
Барнома (ройгон): 2-3 моҳ;
Худмаблағгузор: 1 моҳ;
Шаҳодатномакунонӣ (валидатсия): 36 соат;
Стипендия барои нафароне, ки аз рӯйи барнома (ройгон) таҳсил менамоянд, барои ҳар моҳи таҳсил 60 сомонӣ пардохт карда мешавад. Масалан, агар муҳлати таҳсил дар касби муайяншуда 2 моҳ бошад 120 сомонӣ ва агар 3 моҳ бошад 180 сомонӣ мегиред.
Рӯйхати пурраи касбҳоро метавонед дар саҳифаи “КАСБУ ҲУНАРҲО” дарёфт намоед.
Ба саҳифа даромада, аввал гӯрӯҳи касбҳоро интихоб намоед ва баъдан аз рӯйхати пайдошуда, касби мақбулатонро интихоб кунед. Дар натиҷа маълумоти кӯтоҳ оид ба касби интихобшуда пайдо мегардад.
Ҳам ройгон хаст хам пулаки