ТОЛОРИ МАҶЛИСГОҲИ МАРКАЗ АЗ ТАЪМИРИ ПУРРА БАРОВАРДА ШУД

ТОЛОРИ МАҶЛИСГОҲИ МАРКАЗ АЗ ТАЪМИРИ ПУРРА БАРОВАРДА ШУД

  Толори маҷлисгоҳи МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” аз таъмири пурра бароварда шуд. 
  Толор бо мизи асосӣ, роҳаткурсиҳо, низоми муосири равшанидиҳӣ, таҷҳизот ва техникаи замонавӣ, аз ҷумла компютер, тахтаи электронӣ ва хатти интернет таъмин гардид.
 Дар маҷлисгоҳ баргузории ҷаласаҳо, семинарҳо, тренингҳо ва ҳамоишҳо бо иштироки то 45 нафар имконпазир мебошад.
 Идораҳо, корхонаю ташкилотҳо ва шарикони иҷтимоӣ метавонанд дар мувофиқа бо Марказ дар толори мазкур чорабиниҳои худро баргузор намоянд.

07.11.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36