“АТЛАС ВА АДРАСБОФӢ”

       “АТЛАС ВА АДРАСБОФӢ”
        Атласу адрасбофӣ яке аз ҳунарҳои маъмулии тоҷикон маҳсуб меёбад, ки то ба имрӯз маъруфияти зиёд дорад.Адрас манои мунаққашест, ки тораш аз абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, дар дастгоҳи махсус бофта мешавад.
   Аз матои адрас сару либоси занона, ҷомаҳои мардонаву бачагона ва баъзе ашёи рўзгор, ба монанди кўрпаву болишт ва дастархону рўйпўши бистар медўзанд, ки дар ҳаёти маишии мардум васеъ истифода мегарданд. 
  Ҳунари адрасбофӣ таърихи тўлонӣ дошта, то ба имрўз қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар маъмул аст. Дар замони муосир корхонаҳои адрасбофӣ дар ҳар як шаҳру деҳаҳои кишвар мавҷуданд ва талаботи мардум низ ба матоъи гуногуннақши адрас бештар шудааст. 
  Атласбофӣ низ мисли адрасбофӣ навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки ба он бештар занон машғул мебошанд. Атласбофӣ дар байни мардуми тоҷик ҳамчун як бахши бофандагӣ таърихӣ тўлонӣ дошта, барои пешрафти абрешимбофӣ мусоидат кардааст. 
  Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороиш бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ дорад. Дар саросари кишвар атлас ва адрас имрўзҳо аз матоъҳои серхарид маҳсуб мешаванд. Хосатан дар даврони соҳибистиқлолӣ занону духтарони тоҷик дар ҷашну маросимҳои анъанавӣ аз матоъҳои мазкур ба таври васеъ истифода мекунанд.
 Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ба диққати ҳамаи занону духтарон мерасонад, ки дар Марказ курси кӯтоҳмудати “Адрас ва атласбофӣ” ба роҳ монда шудааст. Хоҳишмандон метавонанд, ҳуҷҷатҳои худро ба қабули комиссия оварда супоранд.
Суроғаи мо: кӯч. Алишер Навоӣ 5/1
Рақамҳо барои тамос:250-35-42
 Сомонаи мо: kasb.tj 
Мо дар: Инстаграм https://instagram.com/kasb.tj?igshid=MzRlODBiNWFlZA==
Telegram:https://t.me/kasbtj1
WhatsApp: https://whatsapp.com/channel/0029VaDDVjBJf05bob1XaF1h
Фейсбук  https://www.facebook.com/kasbtj?mibextid=LQQJ4d

07.11.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36