ҶАШНИ РӮЗИ МОДАР ДАР МАРКАЗ!
Директори Муассиса, Маҳмудова Хосиятмоҳ, занону бонувонро шодбош гуфта, нақши онҳоро дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими давлатдорӣ беназир арзёбӣ намуд. Таъкид шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба қадрдонии заҳмати модарон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа равона шудааст.
Зикр гардид, ки Рӯзи Модар ҳамчун пайки баҳору Наврӯз, таҷассуми зебоӣ ва сиришти поки зани тоҷик мебошад.
06.03.2026