ДАРСҲОИ ОМӮЗИШИИ ДУ РӮЗАИ ПАЗАНДАГӢ ВА ҚАННОДӢ

ДАРСҲОИ ОМӮЗИШИИ ДУ РӮЗАИ ПАЗАНДАГӢ ВА ҚАННОДӢ
____________
“Аз имрӯза мастер - класс таҷрибаи бисёреро аз худ намудам, пухтани канноди ва хурокаро ёд гирифтам, ба худ мақсад гузоштам,  ки дар ин соҳа кор мекунам, зиндагии худро ба пеш мебарам”, Ҷураева Парвина, шаҳри Исфара
“Аз зиндагӣ дилмонда будам баъди омадан ва иштирок дар тренингҳо руҳбаланд шудам. Дар вақти омӯзиш ба касби дузандагӣ шуғл пайдо карда аз нав дузандагӣ карда истодаам. Аз имрӯза мастер - класс пухтани торти “Черепаха”  ва гулмантуро ёд гирифтам ва дар оянда дар ҷ. Чрокӯҳ пухтани шириниҳоро ҷори намуда ба мағозаҳо тақсим менамоям”, Нозимова Самирахон, шаҳри Исфара, ҷ.Чоркӯҳ.  

Санаи 5 -уми  октябр дар ш.Исфара  мастер – класс оиди пазандагӣ ва қаннодӣ баргузор гардид, ки дар он занону духтарони гуруҳи мақсаднок иштирок намуданд. Дар мастер-класс омӯзгорон ба иштирокчиён дар аввал оиди техникаи бехатарӣ ва чи гуна истифода бурдани таҷҳизоти техникӣ ва нозукиҳои пазандагӣ шинос намуда пухтани торти “Черепаха”,  пирог  бо мавизу чормағз, кулчақанди “Офтобак” ва таомҳои гулманту, лагмонро  омӯзониданд. Иштирокчииён фаъол буданд, малакаҳои навро омӯхтанд. Иштирокчиён минатдории худро ба ТҶ МИР ва Ташаббуси “Нури рӯшноӣ” дар Тоҷикистон баён карданд.
ТҶ МИР ба Филиали Муассисаи давлатии"Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар шахри Исфара" ва директори марказ муҳтарам Mohru Turaewa оид ба ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар гузаронидани мастер-классҳо миннатдории худро изҳор менамояд.

Лоиҳаи “Вусъатдиҳии ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занону духтарон тавассути тақвияти иқтидор ва дастгирии техникии онҳо дар ноҳияҳои мақсаднок” давраи 2 аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар чаҳорчӯбаи Ташаббуси "Нури рӯшноӣ" дар Тоҷикистон аз ҷониби ТҶ МИР амалӣ карда мешавад.
Ташаббуси "Нури рӯшноӣ" шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад

09.10.2023

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36