Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод

Имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.

Дар ярмарка муассисаҳои таълимии сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», КВД «Маркази таълимии шаҳри Душанбе», КВД «Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе», КВД «Маркази таълимии омӯзиши модули шаҳри Душанбе» ва дигар муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, маҳсули дасти касбомӯзонро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар ярмарка хоҳишмандон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои дар Марказ мавҷудбуда ҷалб гардида, номнавис шуданд.

Бояд зикр кард, ки ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуда, барои таъмин намудани шаҳрвадон ба ҷойҳои кории доимӣ ва ҷалб намудани шаҳрвандони бекор ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун мусоидат менамоянд.

23.03.2021

Шарикони мо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Душанбе, А. Навои 5/1

235-40-42, 236-22-41,
236-13-36